Дар Улан-Батор имрӯз байни дастаҳои мунтахаби футболи Муғулистон ваТоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол  дар гурӯҳи «F» доир мегардад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, доварон аз Сурия таҳти сарварии довари ФИФА Ханна Хаттаб дар ин бозӣ ҳакамӣ мекунанд.

Дар нишасти хабарии пеш аз вохӯрӣ сармураббии тими Тоҷикистон Усмон Тошев изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба ин бозӣ хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирад.

“Муғулистон ҳам дар бозии аввал дар гурӯҳ ғолиб омад. Мо бозии онҳоро бо Мянма мавриди омӯзиш қарор додем. Тими Муғулистон дастаи хуб буда, моро бозии шавқовар интизор аст. Мо барои дарёфти се имтиёз ба Улан-Батор омадаем”, - гуфт сармураббии тими Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки вохӯрӣ байни дастаҳои Муғулистон ва Тоҷикистон дар Улан-Батор соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.