Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар рақобати аввал бо варзишгари Украина Александр Железняк дар вазни то 63 кило бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуд.

Дар даври 1/16 финалӣ Баҳодур Усмонов рӯзи 14-уми сентябр бо муштзани турк Туғрул Эрдмемир қувваозмоӣ мекунад. Туғрул дар даври аввал қаҳрамони Олмон оид ба бокс дар ин вазн Владислав Баришникро шикаст дод.

Қаблан муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев ба даври 1/16 финалӣ роҳ ёфта, рӯзи 15-уми сентябр бо намояндаи Миср Абдураҳмон Арабӣ рақобат мекунад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон - Бахтовар Сагизов (вазни то 57 кило) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кило) дар даври аввали мусобиқа бо ҳисоби якхелаи 0 бар 5 мутаносибан аз муштзанони Марокаш ва Мексика шикаст хӯрданд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ҷой доштани мухолифатҳо байни Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Федереатсия байнулмилалии бокс АИБА, дар ин чемпионат роҳхатҳои олимпӣ дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.