Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ба рақобатҳояш дар вазни то 63 кило хотима бахшид.

Дар даври 1/8 финалӣ ӯ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медаи нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса қувваозмоӣ кард.

Қувваозмоӣ пуршиддат ҷараён гирифта, Баҳодур то сонияҳои охир рақобат кард, лекин бо ҳисоби 1:4 аз варзишгари таҷрибадори фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Украина дастболо шуда, дар даври баъдӣ муштзани турк Туғрул Эрдемирро мағлуб кард.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа - Шаббос Неъматуллоев то даври 1/16 финалӣ дар вазни то 81 кило роҳ ёфта, Бахтовар Сагизов ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад дар қувваозмоиҳои аввал шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.