Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Беҳрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгарони Руссия (Евгений Прокопчук), Британияи Кабир (Ерик Ҳам), Қазоқистон (Жансай Смагулов) ва Шведсия (Томмӣ Макиас) дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Ҳикматулло Тӯраев мағлуб гашт.

Гутф мешавад, Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА (20 фоизаш ба мураббӣ) мукофотонида шуд.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд - Муҳаммад Маҳмадиев, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Садр Боев, Шаҳбоз Саидаброров, Яқубҷон Боқиев, Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ба гирифтани ҷоизаҳо ноил нагардиданд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқваи Гран-прии Тошканд марҳилаи навбатии силсилаи IJF World Judo Tour мебошад. Дар мусобиқа 418 нафар варзишгарон аз 69 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.