Мувофиқи фарзияи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА), ҳамлагар Лионел Месси футболбози беҳтарини соли 2019 дониста шуд. Дар ин бора Twitter-аккаунти федератсия хабар дода, Лента.ру ба он истинод кардааст.

Дар рақобат барои ҷоиза футболбози аргентинӣ аз ҳамлагари тими “Ювентус” Криштиану Роналду ва ҳимоягари “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк пеш гузашт. Маросими тақдими ҷоизаҳо дар театри “Ла Скала”-и шаҳри Милан баргузор шуд.

Тӯби задаи нимҳимоягари дастаи “Ференсвароши”-и Венгрия Даниэл Жори беҳтарин голи соли 2019 дониста шуд.

Юрген Клопп, ки бо тими “Ливерпул” дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳо ғолиб гардид, сармураббии беҳтарин эълон шуд.

Соли гузашта Месси дар ҳайати дастаи “Барселона” ба унвони қаҳрамони Испания соҳиб гардид. Ин даста то даври нимфиналии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Аврупо рақобат кард, аммо аз Ливерпул” шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.