Аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол байни мунтахабҳои ҷавонони синни то 19-сола доир мегардад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои дарёфти роҳхат ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳмов бо дастаҳои Малдив (2 октябр), Лубнон (4 октябр) ва Сурия (6 октябр) рақобат мекунад.

Гуфта мешавад, вақти оғози ҳамаи бозиҳои мусобиқа соати 19:00 муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.