Рӯзи шанбе, 12-уми октябр дар майдонҳои футболи паҳлӯи Варзишгоҳи марказии Душанбе фестивали футбол доир мегардад.

Чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) гузаронида мешавад.

Қабл аз ин чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Ваҳдату Истаравшан ва Хуҷанду Бохтар доир гардида, ба гусели мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба Бразилия бахшида шуданд.

1/11

Дар ин ҷашнҳои футбол бозигарони мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо кӯдакон машқҳо гузаронида, ба онҳо тӯб ва либосҳои варзишии хотиравӣ тақдим карданд.

Дар барномаи фестивали Душанбе низ баргузории машқҳо бо кӯдакон ва тақдими туҳфаҳо аз ҷониби футболбозон дар назар аст. Фестивал соати 11:30 оғоз мешавад.

Дар Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 19-сола, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи даври гурӯҳӣ мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр бо тими Камерун, 31-уми октябр бо дастаи Испания ва 3-юми ноябр бо мунтахаби Аргентина рақобат мекунад.

Ҳамаи бозиҳои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика баругзор мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 байни наврасон 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба даври минбаъдаи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ҳамчунин 4 дастаи зинаҳои дуюми гурӯҳҳо бо нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.