Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушод оид ба таэквандои ҷаҳонӣ 20 медал бо шумули 5 нишони тилло ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон, дар мусобиқаи шаҳри Бухоро беш аз 1300 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон ширкат варзиданд.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон, аз ҷумла, варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мураббиёну доварон ба хотири баланд бардоштани маҳорату андӯхтани таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба Бухоро сафарбар шуданд.

Зимнан таэквондончиёни тоҷик сазовори 20 медал, аз ҷумла, 5 нишони тилло шуданд.

Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Калонсолон

Ҷойи 1. Каримов Муҳаммадзиё, -63кг (Душанбе)

Ҷойи 2. Назаров Амрихудо, -54кг (ВМБК)

Ҷойи 2. Сунатов Маҳмадҷон, -63кг (Душанбе)

Ҷойи 3. Баротов Шоҳрух, -58кг (Душанбе)

Ҷойи 3. Шомаҳмадов Муҳаммадҳусейн, -63кг (Душанбе)

Ҷойи 3. Лутфулло Алишон, -68кг (ВМКБ)

Ҷойи 3. Худойқулова Мафтуна, -57кг (Турсунзода)

Ҷавонон

Ҷойи 1. Ойматова Муниса, -49кг (Душанбе)

Ҷойи 1. Боқиева Насиба, -55кг (Душанбе)

Ҷойи 1. Анушервони Соҳибназар, -63кг (Кӯлоб)

Ҷойи 2. Неъматова Омина, -44кг (Душанбе)

Ҷойи 2. Мадинаи Маҳмудшоҳ, -49кг (Душанбе)

Ҷойи 2. Хоҷаев Маснавӣ, -68кг (Душанбе)

Ҷойи 3. Бобохонов Абдулҳаким, -45кг (Бохтар)

Ҷойи 3. Холматов Меҳроҷ, -63кг (Ҳисор)

Ҷойи 3. Пирова Макнуна, -49кг (Бохтар)

Ҷойи 3. Худобахшов Ямин, -55кг (ВМБК)

Наврасон

Ҷойи 3. Турсунов Аскар, -45кг (Турсунзода)

Кӯдакон

Ҷойи 1. Киран Кумар, -18кг (Душанбе)

Ҷойи 3. Самираи Шамсулло, -24кг (Душанбе)

Мураббиён

Фозилов Исломиддин (Душанбе)

Тошматов Сафарбег (Душанбе)

Кан Виктор (Душанбе)

Қодиров Шамсулло (Душанбе)

Тоҳиров Баҳодур (Ҳисор)

Шеров Сунатулло (Бохтар)

Беҳрӯзҷони Неъмон (Восеъ)

Миров Тоҳир (Кӯлоб)

Каримов Давлатмурод (Душанбе)

Доварон

Алиназаров Вафоназар (ВМКБ), довари дараҷаи байналмилалӣ

Ошурмамадов Ашурмамад (ВМКБ), довари дараҷаи байналмилалӣ

Файзиев Фирӯз (Душанбе), довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ

Шоев Файзбахш (Ҳисор), довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ

Менеҷери даста

Ҳотамов Муҳиддин

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.