Баъд аз танаффуси панҷсола бозии дастаҳои баскетболи Тоҷикистон дубора шурӯъ шуд. 

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии олимпӣ, то 5 соли пеш дастаҳо дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ширкат мекарданд. Имсол бори аввал Лигаи баскетболи Тоҷикистон таъсис ёфт.

Ба иттилои масъули Федератсияи баскетболи Тоҷикистон Вилла Очилдиев, дар мусобиқа 8 клуб – “Зуҳро”, “Душанбе”, “Фойтун”, “33”, “Беркут”, “Легендҳо”, “Dizel Power”, “DIS” иштирок мекунанд.

Бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар ду марҳила сурат мепазирад. Сипас 4 дастаи беҳтарин аз рӯйи системаи олимпӣ мусобиқаро идома медиҳанд. Бозиҳо ҳар рӯзи якшанбе баргузор мегшаванд.

Рӯзҳои 13 ва 20-уми октябр ду даври Лигаи баскетболи Тоҷикистон баргузор шуд. Даври сеюм 27-уми октябр доир мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.