Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангинов рӯзи 23-юми ноябр қувваозмоии навбатии рейтингиро дар Мексика бо муштзани маҳаллӣ Мигел Лопес гузаронида, пирӯзӣ ба даст овард.

Ин қувваозмоӣ дар доираи мусобиқаи TJ Fight Nights дар шаҳри Тихуана баргузор шуд.

Пас аз ғалаба дар Instagram-аккаунт Сангинов ба мухлисонаш барои дастгирӣ изҳори сипос кард.

“Ман ба халқам ғалаба ваъда додам! Ҳамаи ҳамдиёронамро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ табрик мегӯям!”, - навиштааст муштзан дар саҳифааш.

Дар муҳорибаҳои касбӣ ин пирӯзии ҳаштуми Сангинов аст. Аз 9 муҳориба ӯ яктояшро бо Фред Уилсони хурдӣ моҳи сентябри соли равон бо ҳисоби 57:57 мусовӣ анҷом дод.

Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон аз рӯйи версияи WBC Youth World Champion унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд. Сипас ӯ дар муҳориба бо Карлос Лопеси мексикоӣ унвони қаҳрамониро ҳимоя кард.

Аз соли 2017 Меҳрубон Сангинов раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.