Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) тасмим гирифт, ки дар даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳо шумори дастаҳоро зиёд кунад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз соли 2021 дар мусобиқаи даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО 40 даста иштирок мекунанд. Қаблан шумори дастаҳо 32-то буд.

Ғайр аз ин, соли 2021 ду дастаи Тоҷикистон - дорандаи Ҷоми миллӣ ва тими ба медалҳои нуқра соҳибшудаи чемпионати соли 2020 (агар қаҳрамон ва дорандаи Ҷом як даста бошад, пас дастаҳои дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ) кишварро дар мусобиқаи давраи гурӯҳии Ҷоми КФО намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.