Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-22) бозиҳояшро дар мусобиқаи байнулмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019», ки аз 8 то 14 декабр дар шаҳри Чжухайи Чин доир гардид, ба итмом расонид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии даври охири мусобиқа байни дастаҳои Тоҷикистону Сурия мусовӣ – 0:0 анҷом пазируфт. Дар дақиқаи 42-юми бозӣ барои рафтори ғайриварзишӣ нимҳимоятгари тими Тоҷикистон Шарафҷон Солеҳов аз майдон хориҷ шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ду даври аввали мусобиқа футболбозони тоҷик аз дастаҳои Чин (1:2) ва Мали (0:3) шикаст хӯрданд.

Мунтахаби олимпии Сурия бо дарёфти 7 имтиёз дар се бозӣ ғолиби мусобиқаи «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» шуд. Зинаҳои дуюму сеюмро футболбозони Чин ва Мали ба даст оварда, ҷойи охирро тими Тоҷикистон ишғол кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.