Дар доираи омодагӣ ба Чемпонати Осиё-2020, мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 16-ум мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2020” ширкат меварзад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 19-25 январ дар шаҳри Мински Беларус ҷараён мегирад. Барои ба даст овардани ҷом 8 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2003 талош мекунанд.
Бар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Исландия, Исроил ва Гурҷистон ба гурӯҳи “В” ворид шуданд. Гурӯҳи “А” аз тимҳои Беларус, Белгия, Финландия ва Ӯзбекистон таркиб ёфтааст.
Тибқи низомнома, дастаҳо дар гурӯҳ дар як давр бозӣ мекунанд, сипас ғолибони гурӯҳ ба финал роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ишғол месозанд, барои медали биринҷӣ талош меварзанд. Ҳамчунин бозиҳо барои ишғоли ҷойҳои 5-8 доир мешаванд.
Мусобиқа барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста