Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 20-уми декабр 10 варзишгари беҳтарини соли 2019-ро номбар кард.

Варзишгарони тоҷик имсол дар навъҳои бокс, гуштӣ, варзиши сабук ва дзюдо маҳорати баланд нишон доданд. Боиси хушнудист, ки ба даҳгонаи беҳтарин духтари шоҳмотбоз низ шомил шудааст.

“Мутаассифона, имсол ба ягон варзишгари тоҷик дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 муяссар нашуд. Онҳо дар мусобиқаҳои чемпионати ҷаҳон аз рӯйи навъҳои олимпии варзиш байни калонсолон ҳам аз медалҳо бенасиб монданд”, - гуфтааст раиси АЖВРТ Нарзулло Латипов.

Инак, даҳгонаи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2019:

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё дар вазни то 64 кг дар Тайланд, соҳиби се медали тилло, як нуқра ва як биринҷии мусобиқоти байнулмилалӣ;

Баҳодур Усмонов
Сурат: sputniknews.ru.

Дилшод НАЗАРОВ (варзиши сабук) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё оид ба гурзандозӣ дар Қатар;

Дилшод Назаров
Сурат: КМО ҶТ

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (дзюдо) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 90 кг дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Анталия;​

Комроншоҳи Устопириён
Сурат: КМО ҶТ

Темур РАҲИМОВ (дзюдо) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни беш аз 100 кг дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Марокаш;

Темур Раҳимов
Сурат: КМО ҶТ

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (дзюдо) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 21-сола дар вазни то 73 кг дар Марокаш, ҷоизадори биринҷии Гранд Слэм дар Осако;

Сомон Маҳмадбеков
Сурат: Asia-Plus

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии Осиё дар Чин, ҷоизадори тилло, нуқра ва биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Ҳиндустон;

Шаҳриёр Даминов
Сурат: КМО ҶТ

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (дзюдо) – барандаи медали биринҷии Гранд Слэм дар Екатеринбург ва медали нуқраи Гран-при дар Тошканд дар вазни то 73 кг;

Беҳрӯзи Хоҷазода
Сурат: КМО ҶТ

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) – барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Суперҷоми ҷаҳон дар Маскав дар вазни то 62 кг;

Хушқадам Хусравов
Сурат: mix.tj

Далер РИЗОЗОДА (гуштии юнонӣ-румӣ) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар вазни то 72 кг дар Муғулистон ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Тайланд;

Даоер Ризозода
Сурат: КМО ҶТ

Сабрина АБРОРОВА (шоҳмот) – барандаи медали тиллои Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан дар Ханти-Мансийски Русия ва ду медали нуқраи қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ миёни духтарони то 14-сола дар Ҳиндустон.

Сабрина Абророва

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.