Дар нахустин мусобиқа ӯ қувваозмоии аввалро бохта, тасмим гирифт, ки қаҳрамон мешавад. Орзуяш баъди 10 сол ҷомаи амал пӯшид.

Қаҳрамони имрӯзаи лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” Баҳодур Усмонов мебошад, ки варзишгари беҳтарини соли 2019 дар Тоҷикистон дониста шуд.

Варзишгар ҳамагӣ 23 сол дошта, дорои даҳҳо ҷоизаву медал аст, аз ҷумла, медали тиллои Чемпионати Осиё-2019.

“Маро бародари муштзанам ба толор роҳнамоӣ кард. Ман барои худам машқ мекардам, ин як шавқ буд. Аммо вақте дар як мусобиқа иштирок карда, қувваозмоиро бохтам, тасмим гирифтам, ки ҷиддӣ ба тамринҳо машғул мешавам. Пурра худро ба бокс бахшидам”, - мегӯяд Баҳодур.

Таъмири толоре, ки ӯ машқ мекунад, акнун сар шудааст. Баҳодур минбаъд бо стипендияи давлатӣ таъмин мешавад ва имкон дорад, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2020 роҳхат дарёфт кунад.

Чӣ ӯро то ҳол таҳрик медод, чаро ӯ варзишро тарк накард ва чӣ орзуи асосӣ дар дил дорад? Гузориши моро тамошо кунед.

Дар доираи лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” мо дар бораи варзишгарони маъруфтарин ва ҳадафманд, инчунин шахсоне, ки ба ояндаи пурифтихори варзиши тоҷик умедворӣ мебахшанд, маълумот хоҳем дод. Ҳамаи онҳо ифтихори халқу кишваранд. Ба онҳо нигариста, хитоб мекунем: “Тоҷикистон, ба пеш!”

Сарпарасти кулли лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” ширкати букмекерии Tennisi.Tj мебошад.

Шарикони лоиҳа: шабакаи ломбардҳо (гаравхонаҳо)-и Normandika ва ширкати истеҳсоли оби нӯшокии Anatis.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.