Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байнeлмилалии Тайланд иштирок мекунад. Сипас дар шаҳри Даммом бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Кувайт бозиҳоии рафиқона доир месозад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи кишварамон бо роҳбарии мутахассиси даниягӣ Деян Дедович дар мусобиқаи байнулмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки 2-8 феврал дар шаҳри Ҳат Йайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар баробари тими Тоҷикистон боз 5 дастаи мунтахаби дигар иштирокчии мусобиқа хоҳанд буд, ки дар ду гурӯҳи седастаӣ бозӣ хоҳанд кард. Аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаӣ ба нимфинал баромада, барои ҷойи аввал талош мекунанд. Ҳамчунин бозӣ барои мавқеи сеюм баргузор мешавад.
Баъд аз анҷоми мусобиқа тими футзали Тоҷикистон ба шаҳри Даммом сафар карда, бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12-уми феврал) ва Кувайт (13-уми феврал) ду бозии санҷишӣ доир менамояд.
Гуфта мешавад, ки 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 26-уми феврал то 8-уми марти 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷараён мегирад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад. Дар натиҷаи мусобиқа 5 дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва мегузарад, роҳхат мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста