Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар “Ҷоми рушд – 2020” дар Минск (Беларус) тими ҳамсолони худро аз Исландия (U-17) бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими наврасони то 16-солаи тоҷик бозии нахустини худро бо ғалаба оғоз карда, тӯбҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.
Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм 21-уми январ бо Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ёдрас мекунем, 8 даста дар “Ҷоми рушд – 2020” дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд ва дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои дарёфти мақоми сеюми ин мусобиқа вомехӯранд. Ҳамчунин бозиҳо барои ҷойҳои панҷуму ҳафтум ҷараён мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста