Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ рӯзи 5-уми феврал дар Покистон шурӯъ гардидааст. Дар он 3 варзишгар аз Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҷиҳати иштирок дар 4-ум мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми Қароқурурум ва мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳии Малам Ҷабба, ки то 11-уми феврал идома меёбад, аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Баҳриддин Ғоибов, Сайфиддини Низомиддин ва Саидашраф Эшонов сафарбар шудаанд. Онҳо дар ду қувваозмоӣ – слалом ва гигант слалом бо варзишгарони беш аз 10 кишвар нерӯ месанҷанд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаҳо дар осоишгоҳҳои зимистонаи Малам Ҷабба ва Налтари Покистон баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.