Шаҳром Самиев, ҳамлагари 19-солаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи премйер-лигаи Русия – “Рубин”-и Қазон қарордод баста, дар ҳайати ҷавонони ин даста бозӣ мекунад.

Маълумоти ба дастаи дигар гузаштани футболбозро агенти ӯ Кова Тилавпур хабар додааст.

“Шаҳром бо тими “Рубин” қарордод баста, дар давраи машқҳои омодагии дастаи асосӣ иштирок мекунад. Дар ҳайати дуюм ё ҷавонони “Рубин” бозӣ хоҳад кард”, - гуфтааст Тилавпур.

Шаҳром Самиев
Сурат: ДФ "Истиқлол"

Шаҳром Самиев қаблан дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард, ки соли гузашта бо ин даста ба дарёфти унвони қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон шарафёб гардид.

Дар мавсими гузаштаи чемпионати Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ Шаҳром Самиев дар ҳайати тими "Истиқлол" 18 бозӣ гузаронида, 4 тӯб зад.

Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ӯ дар 6 бозӣ иштирок карда, 2 тӯбро ба нишон расонидааст. Қаблан ҳамчунин дар ҳайати дастаҳои “Барқчӣ” ва “КМВА-Помир” бозӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки пештар футболбозони тоҷик Искандар ва Алишер Ҷалиловҳо, Парвиз Умарбоев ва Нозим Бобоҷонов низ дар тими “Рубин” ҳунарнамоӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.