Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ғалаба бо ҳисоби калони 3 бар 0 дар бозӣ бо дастаи “Нефтчӣ”-и Қиргизистон ба дастаи футболи “Хуҷанд” 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ин дастаи футбол хабар дод, раиси вилоят, ки дар бозӣ ҳузур дошт, пас аз анҷоми вохӯрӣ барои табрики футболбозон ба ҳуҷраи либосивазкунии онҳо омад.

“Пас аз бозӣ раиси вилоят ба ҳуҷраи либосивазкунӣ даромада, футболбозонро бо ғалаба табрик кард ва ваъда дод, ки 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо мекунад. Мукофот ба ҳамаи кормандон ва бозингарони даста дода мешавад”, - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 “Хуҷанд” тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистнро бо ҳисоби калони 3 бар 0 мағлуб кард. Бозии аввалро дар Қирғизистон футболбозони тоҷик бо ҳисоби 0 бар 1 бохта буданд.

Акнун дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D”-и минтақаи Марказӣ ҳамроҳ бо тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.