Боз як муштзани тоҷикистонӣ Шаббос Неъматуллоев дар пайи Баҳодур Усмонов роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро сазовор шуд.

Шаббос, ки 10-уми март дар қувваозмоии аввали даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Осиё/Уқёнус дар вазни -81кг бар варзишгари Тайланд Йомҳот Ҷаккапонг пирӯз шуд, имрӯз дар қувваозмоии дуюми бокс-офф бар намояндаи Ҳиндустон Сачин Кумар ғалаба кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайланд Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуда буд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Бекзод Нурдавлатов шикаст хӯрд.

Дар вазни -81кг аз қораи Осиё/Уқёнус ба ғайр аз Шаббос Неъматуллоев, ҳамчунин Бекзод Нурдавлатов (Қазоқистон), Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ (Урдун), Чен Дасианг (Чин) ва Пауло Аукусо (Австралия) ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, пайдо карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.