Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон-2020 миёни дастаҳои лигаи олӣ 5-уми апрел шурӯъ гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, дастаҳои нави лигаи олӣ – “Локомотив-Помир” ва “Файзканд” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусовӣ (2:2) бозӣ карданд. “Хатлон” бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дидори дастаҳои “Куктош” ва “Регар-ТадАЗ” бе гол анҷом ёфт – 0:0.

Ду бозии дигари даври якуми Чемпионати Тоҷикистон 8-уми апрел доир мешавад. “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо КМВА бозӣ мекунад. “Душанбе-83” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат “Истиқлол”-ро мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.