Ниммарафони байнулмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба рӯзи пойтахт гузаронида мешуд, ин навбат доир намегардад.
Дар ин бора масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19, ки беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст, Кумитаи тадорукоти ниммарафони Душанбе тасмим гирифт, ин мусобиқа имсол баргузор нашавад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад ва соли 2014 ба рӯйхати мусобиқаҳои дави Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ ворид шуд. Ҳар сол дар ин мусобиқа давандҳои беш аз 15 кишвар иштирок мекарданд.
Бемории коронавирус, ки ба ҳолати 14-уми апрел наздики ду миллион нафар дар беш аз 200 кишвар ба он гирифтор шудаанд, дар тақвими чорабиниҳои варзишии ҷаҳон тағйироти чашмрас ворид кард. Бозиҳои олимпии Токио, ки бояд тобистони имсол баргузор мешуд, ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд.
Аз аввали моҳи апрел бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба таъхир афтоданд. Аз ҷумла, варзиши сабуки ҷаҳонӣ муҳлати системаи интихобии олимпиро аз 6-уми апрел то 1-уми декабри соли 2020 боздошт. Натиҷаҳои дар ин муддат бадастомада дар ҳама гуна мусобиқаҳо ҳамчун меъёр барои соҳиб шудани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ҳисобида намешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста