Сармураббии мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) Аҳлиддин Турдиев дар бораи натиҷаҳои қуръакашии Чемпионати Осиё-2020, ки дар он Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад, изҳори назар кард.

“Бар ин назарам, ки гурӯҳи мо баробар буда, дастаҳо камқувват нестанд ва метавон аз он ба даври дигар роҳ ёфт. Ҳамаи рақибон хубанд. Ба омӯзиши онҳо пардохтем. Сохторҳои дахлдори ФФТ сабтҳои видеои бозиҳо бо иштироки ин дастаҳоро доданд”, - оварда шудааст гуфтаҳои ӯ дар сомонаи ФФТ.

Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки то оғози чемпионат ба онҳо муяссар хоҳад шуд, ки якчанд бозии дӯстона гузаронанд.

“Дар робита ба омодагии даста ба Чемпионати Осмиё-2020 умедворем, ки пас аз боз шудани сарҳадҳо ба мо баргузории як қатор вохӯриҳои дӯстона муяссар мегардад. То Чемпионати Осиё дар Баҳрайн ҳоло панҷ моҳ вақт ҳаст, ки барои хуб омода шудан барои мо комилан кофист”, - гуфтааст Аҳлиддин Турдиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.