Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев бо тими худ ба дарёфти ҷоизаи Суперҷоми Булғористон шарафёб гардид.

Дар бозӣ барои дарёфти Суперҷом тими “Локомотив” қаҳрамони Булғористон - дастаи Лудогоретск”-ро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Умарбоев аз оғози вохӯрӣ ба майдон баромада, 90 дақиқа бозӣ кард.

Барои Парвизҷон Умарбоев ин ҷоиза сеюм дар ҳайати тими “Пловдив” мебошад. Қаблан футболбози тоҷик ҳамроҳи дастааш ду сол пайдарпай ба Ҷоми Булғористон соҳиб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дастаи Умарбоев имсол дар даври интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ мекунад.

Нимҳимоягари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев аз соли 2016 дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив бозӣ карда, муддати 4 сол дар беш аз 100 бозии ин даста иштирок кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.