Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн ҷараён дорад, ки то 30 август идома меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои худро аз 7 август оғоз мекунад. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмот Илҳм Юнусов хабар дод.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 163 даста ва беш аз 1500 нафар шоҳмотбозон иштирок мекунанд. Мувофиқи рейтинги Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот (ФИДЕ), дастаҳо ба дивизионҳо ҷудо шуда, Тоҷикистон дар дивизиони 3-юм қарор дорад.

Мусобиқа охири моҳи июл дар дивизионҳои поин оғоз гардид. Чанде аз дастаҳо аз рӯйи натиҷаҳои рақобат дар дивизиони 4-ум ба дивизиони 3-юм роҳ ёфта, рӯзи 6 август маросими қуръакашӣ доир мегардад. Дастаҳо 10-тогӣ ба 5 зергурӯҳ тақсим шуда, аз 7 то 9 август тариқи реҷаи онлайн бо ҳам бозӣ мекунанд.

Се дастаи беҳтарин аз ҳар як зергурӯҳ ба дивизиони дуюм роҳхат мегиранд. Дастаҳо бояд аз 6 нафар - 3 марду 3 зан ва ҳатман 1 нафар наврас ва духтари синни то 20-сола иборат бошанд. Бозиҳо дар онлайн-платформаи ҷаҳонии Chess.com баргузор мешаванд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз инҳо иборат аст: Ҷамшед Исоев, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Ҳотами Мутриба, Икроми Ҷалолиддин, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Насриддинзода Марворид, Сарвиноз Каримова, Меҳриддин Шарифов ва Рухшона Саидова.

Маълумот дар бораи ҳайати дивизионҳо ва дастаҳои мунтахаб бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.