Ҳамлагари мунтахаби ҷавонон ва миллии футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар чемпионати Молдова бозӣ мекунад.

Футбболбози 19-солаи тоҷик бо қаҳрамони 18-каратаи Молдова - дастаи “Шериф” қарордод баст.

Пас аз имзои қарордод Самиев то охири сол ба ҳайати дастаи “Динамо-Авто”-и Тираспол ба иҷора дода шуд.

Пас аз 8 даври мусобиқаи чемпионати Молдова дастаи нави Самиев бо касби 10 имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.