Бозии байналмилалии рафиқона миёни мунтахабҳои миллии футболи Амороти Муттаҳидаи Араба (АМА) ва Тоҷикистон муваққатан доир намегардад. Рӯзи 3-юми сентябр мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд бо тими мунтахаби Ӯзбекистон вомехӯрад.

Ба иттилои Кумитаи милли олимпӣ, бозии мазкур, ки 6-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо дархости Ассотсиатсияи футболи АМА, ки ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ирсол намуд, бозии рафиқонаи тимҳои миллии ду кишвар на 6 сентябр, балки моҳҳои октябр ё ноябр баргузор хоҳад шуд.

Акнун ба ҷои ду бозии рафиқонаи пешбинишудаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи сентябр як бозӣ доир хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон муқобили Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябр ба нақша гирифта шуда буд, бо қарори FIFA ва AFC ба соли 2021 гузаронида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.