Марҳилаи дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд. Дар бозии марказии даври шашум дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и Душанбе ғолиб омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дидори дастаҳо 19 август дар толори варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе доир шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи хуҷандиҳо анҷом ёфт.


Гуфта мешавад, дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Турсунзода бар тими маҳаллии “Самандар” бо ҳисоби 16:8 пирӯз шуда, дар бозии ҷамъбастии давр “Муҳоҷир” тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 12:3 мағлуб намуд.


Ба ин тариқ, пас аз гузашти шаш давр, дар ҷадвали чемпионат “Сипар”-и Хуҷанд бо 16 хол пешсафи ягона шуд. “Соро компания” бо 13 хол дар ҷои дуюм аст. “Муҳоҷир”, ки 12 хол дорад, ҷои сеюмро ишғол намудааст.


Зикр мегардад, ки бозиҳои даври ҳафтуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон 22 август баргузор мешавад. «Сипар» бо «Самандар», «Истаравшан» бо «Муҳоҷир», «Равшан» бо «Соро компания» бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.