Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд, дар бозии хонагӣ бар тими “Муҳоҷир” бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуда, як давр қабл аз анҷом ғолиби қисмати аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, дар 9 бозӣ дастаи шаҳри Хуҷанд 25 хол ба даст овард.

Гуфта мешавад, дар баробари “Сипар” дастаи шаҳри Душанбе - “Соро компания” ба даври нимфинал роҳхат гирифт. Тими Душанбе дар даври нуҳум бар дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 15:1 пирӯз шуд ва бо 22 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои дуюмро ишғол кард.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Кӯлоб дастаи маҳаллии “Равшан”-ро бо ҳисоби 11:7 мағлуб намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар даври ҷамъбастӣ 6 сентябр “Сипар” бо “Равшан”, “Муҳоҷир” бо “Самандар” ва “Истаравшан” бо “Соро компания” вомехӯранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.