Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар бозии финалӣ, ки 12 сентябр дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, футболбозони пойтахт дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 8:4 мағлуб намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов 3 гол, Вахтанг Кекелия ду гол, Муҳаммад Шарипов, Сиёвуш Қаюмов, Насим Шарипов якголӣ заданд. Дар ҳайати “Равшан” Иброҳим Мирзоев се тӯб, Умеди Ҳусайн як тӯбро вориди дарвозаи “Соро компания” карданд.

Ба иттилои манбаъ, капитани “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов беҳтарин бозингари вохурии финалии Ҷоми Тоҷикистон эътироф шуд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва директори генералии Лигаи футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев ширкат варзида, ба бозигарони дастаи ғолиб ва иштирокчии бозии финалӣ медалу дипломҳо супурданд.

Сурат: fft.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.