Дар бозии нимфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 рӯзи 23 сентябр дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯбҳоро аз дастаи соҳибони майдон Кароматулло Саидов ва Худойдод Узоқов ба самар расониданд.

Ба ин тариқ, дар вохӯрии финалии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар бозӣ мекунанд.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикисто дар мавсими имсола рӯзи 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарад. Оғози бозӣ соати 16:00.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.