Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуда, дар он  Нурулло Лоиқов дубора  президенти ин Федератсия интихоб шуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқовро дар конференсияи ғайринавбатии   ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини дзюдои  Тоҷикистон, аъзои федератсия ва кумитаи иҷроия дар ҳузури намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши якдилона аз нав Президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдо интихоб намуданд.

Ҳамчунин дар раванди ҷаласа ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ, директори генералӣ, раиси доварон ва Раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки амалӣ шуд, “Дзюдо дар мактаб” мебошад. Дар доираи ин лоиҳа 10 мактаби ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татами ва либоси варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 50 наврас ба дзюдо машғул гардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.