Рӯзи 26 октябр даври хотимавии мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Футболбозони дастаи “Панҷшер” дар меҳмонӣ тими “Шоҳмансур”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода ба медалҳои биринҷии мусобиқа даст ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Ба медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи якуми футболи кишвар имсол дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва ба медалҳои нуқра - дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд соҳиб шуданд.

Ҷоизаи нишонзани беҳтарини лигаро дар ин мавсим ҳамлагари дастаи “Ҳулбук”-и Восеъ аваз Қамчинов ба даст овард, ки ба дарвозаи ҳарифон 30 тӯб ворид кард.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои имсола дастаҳои “Равшан” ва “Эсхата” соли оянда ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.