Федератсияи  ҷаҳонии ҷудо (IJF) раддабандии нави ҷаҳонии ҷудокоронро нашр кард. Дар ин раддабандӣ дар миёни раҳлавонони ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён пештозанд. 

Аз миёни паҳлавонони ҷудокори тоҷик аз ҳама натиҷаи баландтаринро қаҳрамони феълии ҷаҳон дар миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дорад, ки дар вазни -73 кг мақоми 14-умро бо 3202 имтиёз касб кардааст. Баъди Сомон мақоми 16-уми ин вазнро ҷудокори дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дорад, ки соҳиби 2708 имтиёз аст.

Комроншоҳ Устопириён бо 2024 имтиёз мақоми 25-уми вазни то 90 кг-ро дорад. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 мақоми 28-умро бо доштани 1821 имтиёз касб кардааст. 

Раддабандии нави ҷудои ҷаҳонӣ баъди баргузории  Grand Slam-и Будапешт сурат гирифтааст, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр баргузор гардид, ки баъди ҳамагирии коронавирус нахустин сабқати ҷаҳонии ҷудо буд. 

Мутаасифона паҳлавонони ҷудокори тоҷик натавонистанд дар ин сабқат ҳунарнамоӣ кунанд, ҳарчанд аз ибтидо гуфта мешуд панҷ паҳлавони тоҷик дар он иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириёнро ба далели риоят накардани қоидаҳои сафар дар давраи ҳамагирии коронавирус дар фурудгоҳи Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб аз идомаи сафар маҳрум карданду Сомон Маҳмадбековро ба далели натиҷаи мусбат додани тести коронавируси мураббии ҷопонияш дар Будапешт нагузошт болои гилеми ҷудои ҳунарнамоӣ кунад.

Онҳое, ки дар Grand Slam-и Будапешт ширкат карданд соҳибони мақомҳои ифтихорӣ мутаносибат соҳиби 1000, 700 ва 500 имётизи олимпӣ шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.