Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон тамрини аввали худро дар майдони Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) гузаронид. Чанде пеш футболбозони тоҷик ҷиҳати баргузории бозиҳои рафиқона бо мунтахабҳои Баҳрайн ва АМА ба Дубай омаданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар тамрине, ки таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев баргузор шуд, ҳамаи 25 нафар бозингарон иштирок карданд.

Қобили зикр аст, ки бозии якуми худро дар давраи машқу тамринҳо дар Дубай мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр бо тими Баҳрайн мегузаронад.

Вохӯрӣ дар майдони дастаи футболи “Ал-Васл” доир гардида, соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.