Ҳасан Ғаффуров паҳлавони 11-солаи риштаи ҷудо аст, ки бо як даст давоми ду соли ахир пирӯзи ҳашт мусобиқаи байналмилалӣ, ҷумҳурӣ ва сатҳи вилоят шудааст. Ин наврас сарфи назар аз ин, ки аз модар бо як даст зода шудааст, мегӯяд, барои расидан ба бозиҳои паролимпӣ талош мекунад то ифтихори намояндагӣ аз Тоҷикистонро дошта бошад.

Мо хабар ёфтем, ки Ҳасан Ғаффуров рӯзи 1-уми ноябр бо як даст бар панҷ ҳарифаш дар як мусобиқа пирӯз шудаву мақоми аввалро дар сатҳи вилоят ба даст овардааст. Ба дунболи ин паҳлавони муъҷизакор рафтем.

Ҳасан дар  толори варзишии Ланглифи ноҳияи Ҷаббор Расулов тамрин мекунад. Толоре, ки барои ҷудои тоҷик борҳо ифтихори ҷаҳонӣ овардааст ва Комроншоҳ Устопириён дастпарвари ин толор аст.  

Ҳасан ҳоло дар вазни 24 кг рӯйи татамӣ меояд. Дар чор соле, ки тамрин мекуна дар 8 мусобиқа пирӯз шудааст. Қобилияти ин варзишгари наврас, ки гуфта мешавад тайи ду соли ахир дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҷудо дар Тошканду Бишкек ва Хуҷанду Душанбе мағлуб нашудааст, устодонашро дар ҳайрат гузоштааст.

Усто Устопиров, мураббии варзида, ки Ҳасан зери дасти мураббиёни мактаби варзишии ӯ тамрин мекунад мегӯяд, ки ин наврас қобилияти ғайриоддӣ дорад ва аз усули ҷудокори маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён кор мегирад. Вай мегӯяд, дасти чапи варзишгар модарзод аз оринҷ поён нест аст. Аммо натиҷаи чаҳорсолинаи тамринаш ин аст, ки давоми ду соли ахир пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

“Аз синфи як ба толори варзишии Ланглиф, ки Комроншоҳи Устопириён раҳбари он аст, ба тамрини ҷудо меояд. Рӯзи якшанбеи 1-уми ноябр боз ҳама ҳарифонашро бо як даст мағлуб кард ва моро дар ҳайрат гузошт. Ҳасан ҳеҷ бовар надошт, ки то ба ҳамин дараҷа мерасад. Қобилияти хело ҷолиб дорад. Бовар кунед, вақте гӯштин мегирад ҳарифаш, ки зери як дасташ афтод дигар наметавонад биҷунбад ва ё раҳо шавад”,-мегӯяд, Усто Устопиров.

Мусобиқаи кушоди вилояти Суғд  бо иштироки беш аз 200 варзишгари наврас, рӯзи 1-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуд. Дар вазни 24 кг 35 нафар қувваозмоӣ карданд ва дар даври ниҳоии Ҳасан Ғаффуров баъди шикаст додани панҷ тан пирӯз шуд.

 Ҳасан кист, чаро як даст надорад?

Падари Ҳасан Муҳаммадалӣ Ғаффуров ронандаи Хадамоти оташнишони ноҳияи Ҷаббор Расулов аст. Ӯ мегӯяд, бо музди ҳамин кор талош мекунад чаҳор писараш варзишгар шаванд. Писари калонии ӯ Абдуқаҳҳор  бокс, писари дуюмаш Муҳаммадосимӣ ба футбол ва Ҳасану Ҳесейн ба ҷудову футбол машғуланд.

Қобилияти бо як даст кӯштӣ гирифтани Ҳасани хурдсол падарашро низ дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ мегӯяд чаҳор сол пеш, вақте дар деҳаи Тоҷикобод сокинон аз Иди Наврӯз ҷашн мегирифтанд, мусобиқаи ҷудо доир шуд. Он вақт Ҳасан ба ин намуди варзиш шавқ пайдо кардааст. Баъдан Ҳасани 7-соларо ба толори варзиш овардааст ва устодон сарфи назар аз ин ки аз модар бе як даст таваллуд шудааст,  ӯро хуб қабул кардаанд.

“Ман аз писарам мепурсам, ҳангоми сабқат дасти набудааш монеъ намешавад? Не, мегӯяд. Ман кӯштигириро дӯст медорам, мегӯяд. Ҳама вақт парчамбардорӣ мекунад ва мо шукр мекунем, ки чунин фарзанд дорем. Дар хона бо ҳамин дасташ бисёр кор мекунад,  сатил мебардорад, замин шудгор мекунад ва умуман дар ҳамаи кори хоҷагӣ ёрӣ мекунад. Боре ҳам дастам дард дорад нагуфтааст”-мегӯяд падари Ҳасан, Муҳаммадалӣ.

Муҳаммадалӣ мегӯяд, 25-уми декабри соли 2009 соҳиби ду фарзанди дугоник шуд, ки Ҳасану Ҳусен ном гузошт. Ҳоло Ҳасани майдондори майдонҳои ҷудо асту Ҳусейн низ ба дар риштаи футбол тамрин мекунад. 

“Вақте дугоник таваллуд шуданд, духтурон маро даъват карда гуфтанд, ки яке аз писаратонро бинед. Баъд дидам, ки як дасташ модарзодӣ кӯтаҳ аст. Ба Худо шукр кардам. Духтурон гуфтанд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ модараш сахт тарсидааст ва боиси бо як даст таваллуд шудани Ҳасан шудааст”.

 Ҳасан баъди 7 сол дасти сунъӣ мегузорад

Чанд сол пештар Ҳасану модараш ба шаҳри Екатеренбурги Русия барои табобати дасташ рафтанд. Падараш мегӯяд ҳоло Ҳасан дар як бемористон ин шаҳр сабти ном шудааст ва баъд аз 18-солагӣ пизишкон бояд ба ӯ дасти сунъӣ гузоранд. Дасти сунъие, бино ба гуфтаи духтурони рус қобилияти ҳисро доштааст.

Акс: Asia-Plus

“Бо ҳамон даст ҳам метавонад, ки гӯштин гирад ва ҳам тамрин кунад. Нархи дасти сунъӣ хело гарон аст, аммо мекобему меёбем то дар 18-солагӣ ба писарам дасти сунъӣ бигузорем. Орзуи ман ин аст, ки Ҳасан дар бозиҳои паролимпӣ иштирок кунад ва парчами Тоҷикистонро боло бардорад”.

Ҳасан низ мегӯяд, ҳангоми тамрину сабқатҳоҳо дасташ ҳисси дард надорад ва назар ба дасти сиҳаташ боқувваттар аст. Ҳарчанд ҳангоми муҳорибаҳо бо як даст доштану ба замин афтонидани ҳариф барояш душвор аст, аммо талош мекардааст ғалаба ба даст орад. Ӯ низ мегӯяд, бо вуҷуди душвор будан орзуи иштирок дар мусобиқаҳои паролипиро ҳадаф қарор додааст.

Мураббиён: “Ҳасан назар ба дигар ҳамсолонаш боқувват аст”

Дар толори варзишии Ланглиф даҳҳо нафар наврасони деҳаи Тоҷикобод ба тамрини ҷудо мешғуланд, ки Ҳасан ба фарқ аз онҳо пешсаф аст.  Алибек Дилшодзода, яке аз мураббиёни Ҳасан мегӯяд, онҳо ҳоло дар мавриди омода кардани ин наврас ба бозиҳои паролимпӣ, ки асосан ба варзишгарони имконоташон маҳдуд пешбинӣ шудааст, кор мекунанд. 

Ин мураббӣ гуфт, ки Ҳасан новобаста аз дасти маъюбаш худ ҳама ҳарифонашро мағлуб мекунад.

“Вақте дар як сабқати байналмилалӣ будем, ҳарифони Ҳасан ӯро писанд накарданд. Он рӯз Ҳасан ҳамаи онҳоро дар мусобиқа мағлуб кард. Мураббиён мегуфтанд, ки чӣ тавр бо як даст шогирдони моро мағлуб кард. Мо ҳамарӯза беш аз як соат бо Ҳасан ва ҳамсолонаш тамрин мекунем”.

Акс: Asia-Plus

Мураббиёни мактаби варзишии Ланглиф тасмим доранд тавонмандии Ҳасанро дар сабқатҳову майдонҳои бузургтари байналмилалӣ бисанҷанд. Дар қаҳрамониҳои Осиё ва ҷаҳон ӯро муаррифӣ кунанд. Баъди он, ки ин ҷудокори наврас дар бозиҳои дорои муҷаввиз натиҷаи хуб ба даст овард, тасмим доранд ӯро вориди бозиҳои паролимпӣ кунанд.

Ҳарчанд мувофиқи қоидаҳои маъмул сабқати як варзишгари солим бо варзишгари имкониаташ маҳдуд иҷозат нест, аммо барои дилшикаста нашудани Ҳасанҷон дар мусобиқаҳо мураббиёнаш талош мекунанд, ки то як муддат ҳунарнамоӣ кунад. Зеро ҳамтое мисли худаш барои тамрин надорад ва худаш мегӯяд, ки “Худоё ҳеч вақт надошта бошам”.