Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияро тасдиқ намуд, ки дар он роҳбари ташкилот интихоб мешавад.

Конфронси Федератсия рӯзи 16 декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” дар пойтахт баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар конфронс аз фаъолияти ташкилот дар давраи солҳои 2016-2019 натиҷагирӣ шуда, ба Оинномаи ФФТ тағйироту иловаҳо ворид мегарданд.

Инчунин дар ҷараёни кори конфронс президент ва ноибони президенти Федератсия интихоб карда мешаванд.

Айни замон Федератсияро Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ карда, муовини аввали ӯ Хуршед Мирзо, муовинонаш - Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов мебошанд. Давлатманд Исломов ба ҳайси котиби генералии Федератсия кор мекунад.

Қобили зикр аст, ки бори охир конфронси ҳисоботӣ-интихоботии ФФТ аввали соли 2016 доир гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.