Намояндагони Аввалин ширкати миллии букмекерии “Formula 55” ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) Шаҳриёр Даминов мулоқот оростанд.
Ҳадаф аз вохӯрӣ дастгирии варзишгари навбатии тоҷик Шаҳриёр Даминов аз ҷониби ширкат унвон мешавад.
Сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи ҷавонон ва варзиш Суҳроби Акбаршо зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар ин давраи барои ҳама душвор дастгирии варзишгарон ва дар умум соҳаи варзиш, барои рушд ва таблиғи тарзи ҳаёти солим хеле муҳим аст.
Ба гуфтаи ӯ, барои рушду таблиғи навъи варзиши қаиқронӣ дар ҷумҳурӣ Кумита соли 2021 баргузории як қатор чорабиниҳои варзиширо ба нақша гирифтааст.
“Ба ширкати«Formula 55» ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш изҳори миннатдорӣ мекунам. Ин бароям хеле гуворо буда, маро дар даст ёфтан ба комёбиҳои нав рӯҳбаланд мекунад. Айни замон вазифаи асоси ман иштирок дар Бозиҳои олимпӣ аст. Барои ин ҳамаҷониба кӯшиш мекунам”, - гуфт Шаҳриёр Даминов.
Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» ба варзишгарон барои омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳо аз лиҳози молиявӣ кумак расонида мешавад.
Ширкати “Formula 55” доимо фаъолона рӯйдодҳои варзишии гуногун ва варзишгаронро дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он дастгирӣ мекунад.