Муштзани муваффақи тоҷик, дорандаи роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ба аввалин пирӯзӣ дар мусобиқаи бокси касбӣ ноил гардид.

Дирӯз, 24 декабр ӯ дар мусобиқаи Shamo Boxing Promotions дар Маскав дар вазни сабук (61,23 кг) бар ҳарифаш аз Русия Вилдан Минасов(4-0, 3 КО) дастболо шуд.

Қувваозмоӣ байни муштзанон 6 раунд давом карда, Баҳодур Усмонов аз рӯйи имтиёзҳо ғолиб дониста шуд.

Шореҳони қувваозмоӣ қайд карданд, ки дар аввали қувваозмоӣ Баҳодур Усмонов дар нокдаун қарор гирифта, хеле зуд ба худ омад ва дар идома нисбат ба ҳарифи пртаҷрибаи худ иродаи қавӣ зоҳир намуда, имтиёзи бештар ба даст овард.

Баҳодур Усмонов қаҳрамони амалкунандаи Осиё оид ба бокс байни ҳаваскорон (дӯстдорон) аст. Имсол ӯ ба дарёфти роҳхат ба Олимпиада ноил гардида, беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуд.

Баҳодур тасмим гирифт, ки дар бокси касбӣ низ қувваозмоӣ мекунад, зеро тибқи қоидаҳои нав, ин барои иштироки ӯ дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи бокси ҳаваскорӣ монеъа эҷод намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.