Маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 ва Ҷоми КФО-2021, ки дар онҳо се бошгоҳи футболи Тоҷикистон – «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд» баромад мекунанд, рӯзи 27 январ баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, қаҳрамони феълии кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО баромад мекунад. Марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ҷануб дар шакли мутамарказонидашуда аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21 апрел то 7 май доир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб ва ҷоизадори медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар – «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми КФО баромад мекунанд. Бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ, ки аз як бозӣ иборат мебошанд, рӯзҳои 6-7 апрел ва бозиҳои марҳилаи плей-офф 20-21 апрел баргузор хоханд шуд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар Осиёи Марказӣ, дар шакли мутамарказонидашуда аз 14 то 20 май доир мешавад. Бозиҳо дар низоми даврӣ дар як қисм баргузор хоҳанд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.