Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси касбӣ бар ҳарифи амрикоияш Куинси Лавиллас дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони Амрикои Шимолӣ дар вазни ниммиёна (WBA North America Champion, NABA — North America Boxing Association) соҳиб шуд.

Қувваозмоии Сангинов бо амрикоӣ рӯзи шанбе дар Майами баргузор шуд. Он 8 раунд идома ёфта, ҳар се нафар ҳакамон пирӯзиро ба муштзани тоҷик лоиқ донистанд: 77:74, 76:75, 76:75, менависад Радиои Озодӣ.

Дар муҳорибаҳои касбӣ ин пирӯзии нущами Сангинов аст. Аз 10 муҳориба ӯ яктояшро бо муштзани амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ бо ҳисоби 57:57 мусовӣ анҷом дод.

Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон аз рӯйи версияи WBC Youth World Champion унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд. Сипас ӯ дар муҳориба бо Карлос Лопеси мексикоӣ унвони қаҳрамониро ҳимоя кард.

Аз соли 2017 Меҳрубон Сангинов раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.