Ҷуфтҳои нимфиналии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 муайян шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” тими “Равшан”-ро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб карда, зинаи аввалро ишғол намуд.

Бозӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Барқчӣ” бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи регариҳо ба анҷом расида, онҳо ҳам ба даври нимфиналӣ роҳ ёфтанд.

Ба ин тариқ, дар вохӯриҳои 1/2 финалии Ҷоми ФФТ рӯзи 17 феврал “Истиқлол” - “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” - “Равшан” бо ҳам бозӣ мекунанд.

Ҳар ду вохӯрии нимфиналӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, оғози бозиҳо соати 11:00 ва 15:00 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.