Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати баргузории машқҳои амалӣ ва назариявӣ ба Анталияи Туркия раҳсипор мешавад.

Тавре ки хадамоти матбуоти даста хабар медиҳад, замони баргузории машқҳо аз 2 то 16 март ҳайати даста дар меҳмонхонаи «The Sense Deluxe»-и шаҳри Сиде иқомат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни машқҳои омодагӣ баргузории якчанд бозиҳо бо тимҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 16 феврал Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати қабули бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” дархост пешниҳод намуд.

Дар гурӯҳи “А” қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” бо тимҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Амороти Муттаҳидаи Араб) ва ғолиби ҷуфти “Ал-Ғарафа” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) бозӣ мекунад. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз 15 то 30 апрел дар шакли мутамарказ (дар як давлат) доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.