Бозӣ барои дарёфти ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 3 апрел доир мегардад. Барои дарёфти он қаҳрамони амалкунандаи футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва дорандаи Ҷоми миллӣ - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳам рақобат мекунанд.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 оғоз мегардад. Даромадан ба бозӣ барои мухлисон бепул аст, хабар медиҳад ФФТ Тоҷикистон.

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон маротибаи 12-ум баргузор мешавад. Дастаи “Истиқлол” 9 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020.

Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:2 шикаст дода, ба Суперҷом соҳиб шуд.

Соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар Ҳисор бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, ба дарёфти ин ҷоиза ноил гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.