Дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions дар Екатеринбург муштзани тоҷик Муҳаммадхоҷа Яъқубов дар қувваозмоӣ бо Лунг Сайтмела аз Африқои Ҷанубӣ камарбанди WBC International-и худро муваффақона ҳимоя кард.

Қувваозмоӣ рӯзи 27 март доир гардида, 10 раунд идома ёфт ва бо қарори якдилонаи ҳакамон бо ҳисоби 99-89, 99-90 ва 97-91 ба фоидаи Муҳаммадхоҷа Яъқубов анҷом пазируфт.

Қобили зикр аст, ки Муҳаммадхоҷа Яъқубов имрӯз зодрӯз дорад - ӯ 31 марти соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст.

Муштзани тоҷик Муҳаммадхоҷа Яъқубов боксчии касбӣ мебошад, ки дар вазнҳои сабук ва нимсабуки дуюм қувваозмоӣ мекунад. Дорандаи як қатор ҷоизаҳои қаҳрамонии минтақавӣ ва байни ҷавонон бо версияҳои WBC, WBA, IBF ва WBO мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.