Шабакаи телевизионии “Варзиш” тамоми бозиҳои “Истиқлол”-и Душанберо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мустақиман намоиш медиҳад.

Шабакаи телевизионии “Варзиш” тамоми бозиҳои “Истиқлол”-и Душанберо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мустақиман намоиш медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ бо истинод ба гуфтаҳои директори ТВ “Варзиш” Парвиз Нориён, шабакаи телевизионӣ ҳуқуқи пахши бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро дар минтақаи Ғарб ба даст овард, ки дар он ҷо чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе низ баромад мекунад.

Ҳарифони “Истиқлол” дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) ва АГМК (Ӯзбекистон) мебошанд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд дар Ар-Риёз мегузаранд.

Гуфта мешавад, қаҳрамони Тоҷикистон бозии аввалини худро дар мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё ба муқобили қаҳрамони АМА дастаи “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 15 апрел дар варзишгоҳи шоҳзода Файсал Бин Фаҳд дар Риёз баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 Душанбе) оғоз мешавад.

Тибқи Низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ҷойҳои дуввумро гирифтанд, ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳхат мегиранд.

Бозиҳои “Истиқлол” дар ин марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 рӯзҳои 15, 18, 21, 24, 27 ва 30 апрел баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.