Сунатулло Лоиқов паҳлавони ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021) дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар вазни -81 медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқот аз 14 то 16-уми май баргузор шуд. 

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 6 нафар паҳлавон: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Қурбоналӣ Бозоров ва Ғаниҷон Ғаниев (-73кг), Сунатулло Лоиқов (-81), Ҳайдаралӣ Шоев (-90кг) ва Эмомризо Анварзода намояндагӣ карданд.

Сунатулло Лоиқов дар даври аввал ҷудокори мизбон - Бекзат Таугалиев, дар даври дигар варзишгари дигари мизбон Ботирхон Сакенов ва дар даври ниманиҳоӣ Абдулло Ҷалолиддинови қирғизро шикаст дод. 

Паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ барои ба даст овардани медоли тилло аз қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 Аян Боёғозии мизбон шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ барандаи медали нуқра гардид.

Паҳлавонони дигари тоҷик дар ин сабқат  дар давраҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд ва ба марҳилаи ба даст овардани медалҳо нарасиданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.