Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякфиналии Ҷоми миллатҳои араб роҳ ёфт. Ин мусобиқа дар Миср гузашта истодааст.

Дар даври сеюми охири гурӯҳӣ футболбозони ҷавони тоҷик дастаи Ҷибутиро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст доданд.

Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода (2-то), Кабир Салимшоев, Салам Ашӯрмамадов ва Фахриддин Ахтамов ба самар расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи Мағриб (Марокаш) бо ҳисоби 4:0 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуд.

Ба ин тариқ, аз гурӯҳи “В” дастаҳои Мағриб ва  Тоҷикистон ба марҳилаи минбаъда роҳхат гирифтанд. Дар даври чорякфиналӣ футболбозони тоҷик имрӯз, 29 июн бо тими Миср бозӣ мекунанд. Дастаи Миср дар гурӯҳи “А” зинаи аввалро ишғол намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.