Федератсияи ҷаҳонии самбо (FIAS) эътирофи ҳамешагии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО)-ро ба даст овард. Ин тасмими дар анҷумани КБО, рӯзи 20-уми июл дар Токиои Ҷопон гирифта шудааст. Дар ин бора торнамои FIAS бо истонод ба  Василий Шестаков президенти ин ниҳод хабар додааст.

Пештар аз ин, 10-уми июн  КБО қароре содир карда буд, ки тавсия медод Федератсияи ҷаҳонии самбо аз сӯйи он барои ҳамеша эътироф шавад. Федератсияи ҷаҳонии самбо дар моҳи декабри соли 2018 эътирофи муваққатии КБО-ро ба даст оварда буд.

Шестаков гуфтааст, ки ин тасмим барои варзиши олимпӣ шудани самбо имконоти зиёдеро фароҳам мекунад. 

"Кишварҳои зиёде акнун дари худро барои навъи варзиши мо боз мекунанд, мусобиқоти самборо шабакаҳои телевизионии 68 кишвари ҷаҳон бо шумули шабакаи "Евроспорт" нишон медиҳанд ва номи самбокорони маъруф шуҳраи олам мешавад. Мо аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои баҳои баланд ба кори мо ва таваҷҷуҳие, ки ба навъи варзиши мо мекунад, миннатдорем.  Имрӯз мо бо шумо як қадами ҷиддие барои низдиктар шудан ба ормони рӯёиямон  - ворид кардани ин навъи варзиш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ, гузоштем. Ман ҳамаи самбокорони тамоми ҷаҳонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик мекунам",- гуфтааст Шестаков.

Самбо навъи варзиши паҳлавониест, ки дар солҳои сиюму панҷоҳуми асри гузашта бар асоси варзишҳои паҳлавонӣ, ҷудо, ҷиюҷитсу дар Русия коркард шудааст. Анатолий Харлампиевро асосгузори он медонанд. Соли 1966 аз сӯйи UWW - федератсияи ҷаҳонии паҳлавониҳо эътироф шуд ва аз соли 1973 сабқатҳои ҷаҳонии он дар баробари куштиҳои классикву озод вориди барномаҳои варзишӣ шуд. 

Баъдан қарор буд, ки дар Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав самбо варзиши олимпӣ эътироф шавад, аммо баъдан бар асари масоили сиёсие, ки атрофи ин бозиҳо эҷод шуд, КБО самборо аз рӯйхати варзишҳои эътирофшуда берун кард. 

Ҳоло самбо ду навъ: варзишӣ ва размӣ дорад, ки сабқатҳо дар 7 вазн (ҳам занонаву ҳам мардона) баргузор мешаванд.

Самбо дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст ва то кунун Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо дорад: Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.